Ссылки доступа

Дар Қазоқистон минбаъд нушокии спиртӣ ва тамокуро бо шиноснома мефурӯшанд


Дар Қазоқистон соҳибкорон вазифадор шуданд, ки ҳангоми фуруши нушокиҳои спиртӣ ва тамоку аз муштариён ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият талаб кунанд. Меъёри нав дар Кодекси саломатии сокинон ва низоми тандурустии ин кишвар дарҷ шудааст.

Бар асоси қонун, фурӯшандаҳо ҳақ доранд, ки дар сурати пешниҳод накардани ҳуҷҷат ба муштарӣ нушокии спиртӣ ва ҳамагуна навъи тамокуро нафурӯшанд. Пештар фурӯши онҳо танҳо ба ноболиғон манъ буд.

Ҳаминтариқ дар ин кишвар фурӯши тамоку ва нушокии спиртӣ ба ҷавонони то 21-сола манъ карда шуд. Барои нақзи ин банди қонун ҷавобгарии маъмурӣ пешниҳод шудааст.

Қонунҳои Қазоқистон истифодаи нушокиҳои спиртӣ ва тамокуро барои ноболиғон манъ мекунад. Дар сурати нақзи қонун волидон ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешаванд.

Ҳамчунин дар фурӯшгоҳҳои Қазоқистон аз 1 июли соли 2021 гузоштани қуттиҳои тамоку дар мазҳари ом манъ мешавад. Фурӯшандаҳо ба ҷои қуттӣ танҳо бояд номгуи тамокуҳоро овезон кунанд.

XS
SM
MD
LG