Ссылки доступа

Қирғизистон аз Чин беш аз 1500 дастгоҳи сайёри оксиген харид


Қирғизистон аз Чин боз 78 дастгоҳи дигари сайёри оксиген харидорӣ кард. Дастгоҳҳо тавассути як ҳавопаймои махсус ба Бишкек интиқол ёфта, дар ихтиёри Вазорати тандурустии Қирғизистон гузошта шуданд.

Пештар низ ин кишвар аз Чин 1500 дастгоҳи дигар харидорӣ карда буд. Ҳафтаи гузашта ҳам аз Чин ба Бишкек 40 дастгоҳ оварда шуд. Интизор меравад, ҳафтаи оянда боз беш аз 350 дастгоҳи нав харидорӣ шавад.

Дар ҳукумати Қирғизистон арзиши ин дастгоҳҳоро ошкор накарданд ва нагуфтанд, ки ҷамъан барои хариди онҳо чи қадар маблағ сарф шудааст. Танҳо хабар доданд, ки пули дастгоҳҳо аз буҷаи Ситоди ҷумҳуриявии мубориза бо коронавирус пардохт мешавад.

Ба иттилои манбаъ, дастгоҳҳои мазкур дар беморхонаҳое тақсим хоҳанд шуд, ки мубталоёни коронавирус бистарӣ ҳастанд. Як қисми онҳо ба минтақаҳои Қирғизистон фиристода мешаванд.

Вазорати тандурустии Қирғизистон пештар гуфта буд, ки дар ин кишвар дастгоҳҳои нафаси сунъӣ ва оксиген намерасад. Ба гуфтаи вазорат, онҳо ба 220 дастгоҳи нафаси сунъӣ ва 2300 дастгоҳи оксиген ниёз доранд ва гуфтугӯҳо барои хариди онҳо идома дорад.

XS
SM
MD
LG