Ссылки доступа

Дар Ӯзбекистон кумакпулии бекоронро мансабдорон гирифтаанд


Мансабдорони вилояти Намангони Ӯзбекистон 216,2 млн. сӯм ($21 ҳазор)-и пули буҷаро, ки барои сокинони бекор ҷудо шуда буд, азхуд кардаанд.

Ба иттилои расонаҳо, кормандони Маркази мусоидат ба шуғли аҳолӣ дар Намангон санадҳоро сохтакорӣ карда, нишон додаанд, ки дар корҳои ҷамъиятӣ 204 нафар иштирок намудаанд.

Шахсоне, ки номашон дар санадҳо зирк шудааст, барои пайдо кардани ҷои кор ба марказ муроҷиат накардаанд ва дар рӯйхати афроди бекор низ нестанд. Дар натиҷа мансабдорон 216,2 млн сӯмро азхуд кардаанд.

Зидди кормандони марказ бо ду банд, аз ҷумла "Дуздӣ ё азхудкунӣ" парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Пештар расонаҳо хабар доданд, ки дар ноҳияи Сергелии Тошканд низ кормандони бунёди хайрияи "Маҳалла" 95,8 млн сӯми созмонҳои кумакрасонро, ки барои ниёзмандон ҷудо шудааст, азхуд кардаанд.

XS
SM
MD
LG