Ссылки доступа

Лаҳистон "Газпром"-ро 50 миллион евро ҷарима кард


Идораи ҳифзи рақобат ва ҳимояти ҳуқуқи истеъмолкунандагони Лаҳистон ширкати "Газпром"-ро барои ироа накардани маълумот дар бораи лоиҳаи "Ҷараёни шимол-2" ҷарима кард.

Дар иттилоияи ниҳоди зиддиинҳисории Лаҳистон ҳаҷми ҷарима 50 миллион евро гуфта шудааст. Ин ҳадди аксари ҷаримаест, ки қонунҳои Лаҳистон пешбинӣ мекунанд.

Ҷарима барои он карда шуд, ки "Газпром" дар бораи созишномаҳои ширкати зертобеи худ - Nord Stream 2 бо ширкатҳои аврупоии сармоягузори тарҳ маълумот пешниҳод накардааст. Ниҳоди зиддиинҳисории Лаҳистон дар ҳоли ҳозир фаъолияти шаш ширкати аврупоӣ бо шумули "Газпром"-ро тафтиш дорад. Ширкатҳо ба он айбдор мешаванд, ки гӯиё барои сармоягузории тарҳ бидуни иҷозати мақомоти Лаҳистон консирсиюм ташкил кардаанд. Пештар низ ширкати фаронсавии Engie ба хотири ироа накардани маълумот ҷарима шуда буд.

"Газпром" то ҳол қарори мақомоти Лаҳистонро шарҳ надодааст..

"Ҷараёни шимол-2"-ро расман на консирсиюм, балки ширкати зертобеи "Газпром" бо қарзи ширкатҳои аврупоӣ бунёд мекунад. Вале дар Варшава ҳамонон исрор мекунанд, ки барои иҷрои тарҳ консирсиюм ташкил шудааст, ки хилофи қонунҳои Лаҳистон мебошад.

"Ҷараёни шимол-2" қарор аст, аз баҳри Балтик убур карда, гази Русияро то Олмон расонад. Интизор меравад, сохтмони ду лулаи газ, ки иқтидори умумиашон 55 млрд метри мукааб газро дар сол дар бар мегирад, охири соли 2019 анҷом шавад. Сохтмони лоиҳаро ширкати русии "Газпром" бар уҳда дорад ва ширкатҳои олмонии Uniper ва Wintershall, гуруҳи англисиву ҳолландии Royal Dutch Shell, ширкати фаронсавии Engie ва австрагии OMV дар ин сохтмон шариканд. Арзиши умумии сохтмон 9,5 миллиард евроро ташкил медиҳад.

XS
SM
MD
LG