Ссылки доступа

Ӯзбекистон муҳлати визаи хориҷиҳоро то 1 ноябр тамдид кард


Муҳлати раводид (виза)-и шаҳрвандони хориҷие, ки дар ҳоли ҳозир дар Ӯзбекистон қарор доранд, то 1 ноябри соли равон тамдид шуд.

Дар ин бора Кумитаи сайёҳии Ӯзбекистон бо истинод ба қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ аз 30 июл хабар дод. Дар иттилоия омадааст, ки шаҳрвандони мазкур ҷарима карда намешаванд.

Ӯзбекистон пас аз он ки аз 16 марти имсол карантин эълом ва ҳаракати нақлиёту қатора ва парвози ҳавопаймоҳоро манъ кард, чанд бор мешавад, муҳлати раводиди афроди бешаҳрвандӣ ва шаҳрвандони хориҷиеро тамдид мекунад, ки ба иллати коронавирус дар ин кишвар дармондаанд.

XS
SM
MD
LG