Ссылки доступа

Дар Қазоқистон садҳо ҳазор хонанда ба Интернет дастрасӣ надоранд


Вазири маорифи Қазоқистон Асхат Аймагамбетов гуфт, 185 ҳазор кӯдак аз хонаводаҳои серфарзанди ин кишвар техникаҳои заруриро барои омӯзиши фосилавӣ надоранд.

Ба гуфтаи Аймагамбетов, 482,9 ҳазор хонанда ба Интернет дастрасӣ надоранд ва дар 604 минтақаи аҳолинишини Қазоқистон низ шабакаҳои телевизионии ин кишвар нишон намедиҳанд.

Вазири маорифи Қазоқистон афзуд, ки дар баробари 185 42 кӯдак аз хонаводаҳои серфарзанд ва камбизоат 24 ҳазор омӯзгор низ техникаҳои лозимиро надоранд. Ҳамчунин интернет барои наздики ду ҳазор омӯзгори дигар низ дастрас нест.

"То 1 сентябр беш аз 500 ҳазор кӯдак бо компютер таъмин карда мешаванд", - афзуд ӯ. Ба гуфтаи вазир, ба хонандагон муваққатан компютер дода мешавад, то аз таҳсил дур намонанд.

Ин дар ҳолест, ки мақомоти Қазоқистон қаблан гуфтанд, соли нави хониш дар ин кишвар фосилавӣ оғоз хоҳад шуд. Ба огаҳии вазорат, аз 3,3 миллион хонандаи қазоқ 2,6 миллионашон фосилавӣ таҳсил хоҳанд кард.

XS
SM
MD
LG