Ссылки доступа

Дар Қирғизистон "Маркази миллии зиддидопингӣ" таъсис ёфт


Дар Қирғизистон "Маркази миллии зиддидопингӣ" таъсис дода шуд. Дар ин бора Оҷонси давлатии ҷавонон, тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Қирғизистон иттилоъ дод.

Марказ сиёсати зиддидопингиро дар ҳудуди Қирғизистон пеш бурда, иҷрои кодексу қоидаҳои ҷаҳонии зиддидопингиро таъмин ва "варзиши тоза"-ро миёни ҷавонон таблиғ мекунад.

Маркази мазкурро Оҷонси давлатии ҷавонон, тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Қирғизистон таъсис додааст.

XS
SM
MD
LG