Ссылки доступа

Ситод: Низоми тандурустии Ӯзбекистон ба сабуктар кардани карантин омодааст


Низоми тандурустии Ӯзбекистон ва ҳукуматҳои маҳаллии шаҳру вилоятҳо барои сабуктар кардани карантин ё маҳдудиятҳое, ки аз 10 июл ҷорӣ шудаанд, омодаанд.

Ин нуктаро узви Ситидои мубориза бо коронавирус Ҳабибулло Оқилов дар суҳбат бо телевизиони "Ӯзбекистон-24" баён дошт.

"Ду-се ҳафта пеш мо сокинонро ба эҳтиёткорӣ даъват мекардем ва имрӯз мехоҳем, бигӯем, ки ҷое барои нигаронӣ нест. Вазъ зери назорат аст. Табибҳо омодаанд. Таҷҳизоти лозимӣ, рахтҳои хоби эҳтиётӣ ҳаст. Агар карантинро сабуктар кунанд, низоми тандурустии кишвар ва ҳукуматҳои маҳаллӣ ба афзоиши эҳтимолии шумори мубталоён омода ҳастанд. Бинобар ин, набояд нигарон шуд", - афзуд вай.

Оқилов гуфт, агар давоми ду ҳафтаи дигар шумори рӯзонаи мубталоён ба коронавирус то 400 кас поин равад, метавонанд карантинро дар Ӯзбекистон сабуктар кунанд. Давоми ду рӯзи ахир дар Ӯзбекистон рӯзона то 800 ҳолати нав ба қайд гирифта мешавад.

Ба огаҳии Вазорати тандурустии Ӯзбекистон, шумори мубталоён дар ин кишвар то 3 август ба 26301 расида, то ҳол 159 кас ҷон бохтаанд.

XS
SM
MD
LG