Ссылки доступа

Додситонии Ню-Йорк фаъолияти "Созмони Трамп"-ро тафтиш дорад


Додситони Манхэттен рӯзи душанбе бори нахуст ошкор кард, ки додситонии ноҳия фаъолияти "Созмони Трамп"-и марбут ба президенти ИМА Доналд Трампро тафтиш дорад.

Ба иттилои CNN, "Созмони Трамп" ба қаллобии бонкӣ ва бима айбдор мешавад. Дар ин бора дар дархости додситони ноҳия Сайрус Вэнс ба додгоҳи федеролии шаҳри Ню-Йорк иттилоъ дода шудааст. Сайрус Вэнс аз додрас хостааст, дархости ироаи эъломияи шахсӣ ва кории Доналд Трамп дар давоми 8 соли ахирро қонунӣ эътироф кунад.

Додситонӣ бори нахуст моҳи августи соли гузашта дар доираи парвандаи истифодаи ғайриқонунии буҷаи бунёди интихоботии номзад ба мақоми президентии ИМА Доналд Трамп барои додани пул ба ду зани даъвогар аз раисҷумҳури Амрико хоста буд, ки эъломияашро пешниҳод кунад. Трамп гӯиё бо ин занҳо муносибати маҳрамона доштааст. Вале вакилони дифои Трамп исрор карданд, ки талаби эъломияи чандинсола беасос ва талоши таъқиби сиёсии президент аст.

Аз дархости навбатии додситонӣ бар меояд, ки Доналд Трамп ин бор ҳадафи тафтишоти густардатаре қарор гирифтааст.

Худи Трамп рӯзи душанбе қазияро ҳамчун намунаи таъқиб шуданаш аз сӯи демократҳои ИМА шарҳ дод.

XS
SM
MD
LG