Ссылки доступа

Муҳоҷирони ҷамъшуда иҷозати гузар аз марзи Русия бо Қазоқистонро дарёфт карданд


Палаточный лагерь для мигрантов в Бузулукском районе Оренбургской области.

Беш аз 3,5 ҳазор муҳоҷир аз Ӯзбекистону Қирғизистонро, ки дар вилоятҳои Самара ва Оренбург дар марз бо Қазоқистон ҷамъ шуда буданд, ба ватан мефиристанд.

Дар ин бора намояндагони ҳукумати вилоятҳои Оренбург ва Самара ба расонаҳо иттилоъ додаанд. Дар ду вилоят 3000 муҳоҷири қирғиз ва 500 ӯзбекистонӣ ҷамъ шудааст.

"Шаҳрвандони Қирғизистон, ки дар Самара ҷамъ шудаанд, имрӯз ва пагоҳ тавассути Қазоқистон ба ватан фиристода мешаванд. Ҳудуди 500 шаҳрванди Ӯзбекистон ҳам мунтазири бозгашт ба ватан ҳастанд. Бино ба созиши пешакӣ, қарор аст онҳо 6 август марзро гузаранд. Онҳо тавассути қатора ба ватан фиристода мешаванд", - омадааст дар иттилоияи ҳукумати Самара.

Бино ба хабарҳо, дар шаҳраки хаймаҳо, ки муҳоҷирон онҷо ба сар мебаранд, калонсолон, занони ҳомила ва кӯдакон низ ҳастанд.

Русия, Қазоқистон ва Ӯзбекистон ба иллати ҳамагир шудани коронавирус марзҳои худро бастанд. Дар натиҷа ҳазорҳо шаҳрванди Ӯзбекистону Қирғизистон дар Русия дармонда, натавонистанд ба ватан баргарданд. Дар вилоятҳои Самара ва Оренбург, ки бо Қазоқистон ҳаммарз аст, барои муҳоҷирон шаҳраки хаймаҳо ташкил карда шуд.

XS
SM
MD
LG