Ссылки доступа

Қазоқистон баъд аз "даргирӣ" дар марзаш бо Русия, ба муҳоҷирон иҷозаи убур дод (видео)


Қазоқистон баъд аз расонаӣ шудани даргирии муҳоҷирони қирғизистониву узбекистонӣ бо пулис дар марзи он кишвар бо Русия ба бандмондагон иҷозаи убур дод.

Мигранты из Узбекистана и Таджикистана идут на прорыв границы в Самарской области России
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:01:26 0:00

Пештар хабар расида буд, ки дар марзи Қазоқистон бо вилоятҳои Самараву Оренбурги Русия бештар аз 3 ҳазор муҳоҷирони Қирғизистону Узбекистон ҷамъ шудаанд. Субҳи 3 август муҳоҷирон сӯи марз ҳаракат карданд. Мақомоти қудратии Русия садди раҳи онҳо шуданд.

Дар наварҳое, ки дар Интернет нашр шуд, даргирии муҳоҷирон бо пулис дида мешавад. Мақомоти Русия гуфтанд, дар ин даргирӣ касе осеб надидааст.

Ойбек Смадияров, намояндаи расмии вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон гуфт, ки Қирғизистон аз онҳо дархости иҷозаи убур ба муҳоҷиронро кардааст.

Ба гуфтаи вай, рӯзҳои 4 ва 5 август ба 2435 шаҳрванди Қирғизистон иҷозаи убур дода шудааст. Смадияров афзуд, 2,2 ҳазор узбекистонӣ тавассути қатор ба Узбекистон бурда хоҳанд шуд.

Аз оғози паҳншавии вируси корона бисёре аз муҳоҷирон дар Русия бе кор ва бе даромад монданд. Қисме аз онҳо тасмим гирифтанд, ки бо ҳар роҳи мумкин худро ба ватанашон расонанд. Аз фасли баҳор ба ин тараф дар марзи Русия бо Қазоқистон мудовим шаҳрвандони Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон ҷамъ мешаванд. Аммо ба онҳо танҳо баъди дахолати ҳукуматҳои кишварашон иҷозаи убур медиҳанд.

XS
SM
MD
LG