Ссылки доступа

Баъди таркиш дар Бейрут ҳамаи роҳбарони бандар ҳабси хонагӣ шуданд


Ҳукумати Лубнон тасмим гирифт, ки ҳамаи роҳбарияти бандари Бейрут то замони пайдо шудани гунаҳкорони таркиш дар ҳабси хонагӣ монанд. Дар ин бора расонаҳои он кишвар хабар доданд.

Бейрут после взрыва. Как выглядит город, где взорвались 2750 тонн селитры
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:02:56 0:00

Мақомоти он кишвар гуфтанд, таҳқиқоти таркиш дар Бейрут шаффоф ва 5 рӯз давом мекунад. Ба гуфтаи мақомот, гунаҳкорон ҳатман ба ҷавобгарӣ ҷалб мешаванд.

Муфаттишон ба тафтиши ҷои ҳодиса шуруъ кардаанд. Расонаҳо навиштанд, ки кӯмакҳои башарӣ вориди Лубнон мешаванд.

Рӯзи 4 август дар бандари Бейрут ду таркиши азим рух дод. Дар натиса бештар аз 100 кас кушта ва зиёда аз 4 ҳазор кас маҷруҳ шуд. Дар доираи 10 километр атрофи таркиш биноҳо, кӯчаҳо ва мошинҳо хароб шуданд. Мавҷи таркишро дар 240-километрии Бейрут ҳам ҳис кардаанд.

Наздики 300 ҳазор сокини Бейрут бе сарпаноҳ монда, хисороти таркиш ҳадди ақал 3 миллиард доллар баровард карда мешавад. Дар натиҷаи таркиш анбори ғалладона зиён дидааст. 85 дарсади ғаллаи шаҳр дар анборҳои наздики таркиш нигаҳдорӣ мешуд.

Гуфта мешавад, тақрибан 2700 тонна доруи минералӣ дар пойтахти Лубнон таркидааст. Ҳассан Диёб, нахуствазири Лубнон гуфт, баъди мусодираи нитрати аммоний дар соли 2014 онро дар як анборе нигаҳ доштаанд ва меъёрҳои амниятиро риоят накардаанд.

Бино ба гузоришҳо, миқдори зиёди нитрати аммонийро, ки рӯзи 4-уми август дар Бейрут таркид, солҳо пеш аз киштии Игор Гречушкин, як тоҷири рус мусодира карда буданд.

XS
SM
MD
LG