Ссылки доступа

Домоди Мирзиёев ба гирифторони коронавирус доруи дар Узбекистон сабтнашудаи чиниро тақсим мекунад


Намояндагони Кумитаи фармакологии Узбекистон дар суҳбат бо расонаҳо гуфтанд, доруи Lianhua, ки аз Чин ба Узбекистон ворид шуда, ҳамчун доруи муассир дар табобати коронавирус унвон мешавад, дар Узбекистон сабт нашудааст.

Рӯзи 26 июл расонаҳои маҳаллии Узбекистон хабар доданд, ки аз Чин ба кишвар доруи муассире дар табобати коронавирус ворид шудааст. Ин доруро аз номи Отабек Умаров, домоди президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев дар бархе аз беморхонаҳо тақсим карданд. Тақсимоти доруро дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ таблиғ намуданд.

Дар наворҳо сокинони Узбекистон аз дастрасии доруи зидди коронавирус изҳори сипос мекунанд.

Доруи Lianhua дар табобати бемориҳои роҳи нафас ва сулфа истифода мешавад.

Дар Чин ба гирифторони вируси корона, ки шакли сабуки онро пушти сар мекунанд, истифодаи доруи мазкур тавсия шудааст.

Препарат Lianhua Qingwen Jiaonang.
Препарат Lianhua Qingwen Jiaonang.

Як корманди Кумитаи фармакологии Узбекистон рӯзи 5 август дар суҳбат бо расонаҳо гуфт, ки доруи мазкур дар ҳудуди кишвар сабт нашуда ва аз озмоиш нагузашааст. Вай илова кард, ки дар Узбекистон фуруш ва истифодаи ин навъ доруҳо манъ аст.

XS
SM
MD
LG