Ссылки доступа

Ҳалокати як сокини Чоркӯҳ ва захмӣ шудани сардори дидбонгоҳи "Кӯктош"


Мақомоти тоҷик мегӯянд, ки дар таниши марзӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон, як сокини Чоркӯҳи Исфара ба ҳалокат расида, як афсари нерӯҳои марзбонии Қирғизистон захмӣ шудааст.

Ҷониби Қирғизистон ҳам таъйид кардааст, ки як марзбони ин кишвар дар сарҳад бо Тоҷикистон ҷароҳат бардоштааст.

Дафтари матбуоти Нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон хабар дод, ки субҳи 6-уми август дар минтақаи ҳамҷавори маҳаллаи Лангари Моҳиёни ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри Исфара сардори дидбонгоҳи "Кӯктош"-и Қирғизистон Шер Кабиров аз сӯи як шахси номаълум ҳадафи тир қарор гирифтааст. Тибқи изҳороти Раёсати марзбонии Тоҷикистон, дар ин ҳамла аз силоҳи шикорӣ истифода шудааст.

Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон ҳамзамон хабар дод, ки дар як ҳодисаи ҳамсон дар 1-километрии марз бо вилояти Бодканд, як сокини деҳаи Сомониёни ҷамоати Чоркӯҳ аз тири ҷониби Қирғизистон ба ҳалокат расидааст. Ба иттилои манбаъ, Воҳид Ваҳҳобови 65-сола боғбони бригадаи рақами чаҳори ҳамин ҷамоат будааст.

Расонаҳои Қирғизистон ҳам хабар доданд, ки ҳодиса соати 5:00 дар марзи Бодканд бо вилояти Суғди Тоҷикистон рух додааст. Бахши қирғизии Радиои Озодӣ бо такя ба мақомоти марзбонии Қирғизистон навишт, ки ҳодиса дар мавзеи Эки Тоши ноҳия Бодканд рух дод ва шахсони номаълум ба сӯи як марзбони қирғиз ба эҳтимол аз силоҳи шикорӣ оташ кушодаанд. Ба иттилои манбаъ, ин марзбон аз ноҳияи дасташ захмӣ шудааст.

Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон ва Қирғизистон мегӯянд, ки ҳоло музокироти сарҳадбонон ду ҷониб ҷараён дорад ва вазъ дар марз ором аст.

Ин ҳодиса дар ҳоле рух дод, ки ҳудуди ду ҳафта қабл низ дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон муноқиша ба миён омада буд. Дар ин ҳодиса як пулиси тоҷик ва як марзбони қирғиз маҷрӯҳ шуданд.

Ангезаи муноқишаҳо дар марзи байни Тоҷикистону Қирғизистон дар муайян ва аломатгузорӣ нашудани қисмати зиёде аз хатти марз аст. Тарафҳо дар ҳалли ин мушкил ба нақшаҳои ҷуғрофии давраҳои гуногун такя мекунад.

Марзи байни Тоҷикистону Қирғизистон 976 километр дарозӣ дорад, ки то кунун 504 километри он муайян ва аломатгузорӣ шудааст. Борҳост, дар минтақаҳои баҳсталаб сокинон барои обу чарогоҳ, роҳу бозор, убури марз ва ихтилофоти байнимиллӣ вориди низоъ гашта, то ҳол чандин нафар дар ин муноқишаҳо кушта ва захмӣ шудаанд.

XS
SM
MD
LG