Ссылки доступа

Дар вилояти Алматои Қазоқистон дар натиҷаи садамаи мошин як кас бистарӣ шуд


Дар вилояти Алматои Қазоқистон дар натиҷаи бархӯрди мошини сабукрав ба нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ ронанда дар бемористон бистарӣ шуд.

Дар ин бора аз идораи ҳолатҳои фавқулодаи вилоят рӯзи панҷшанбе хабар доданд.

Ба иттилои наҷотдиҳандагон, ин ҳодиса субҳи 6 август рух дод. Мошини навъи Land Cruiser Prado ба нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ бархӯрда, дар натиҷа таркиш рух додааст. Ду мошин дар натиҷа таркида ва оташ гирифтааст. Ронандаи мошини Land Cruiser Prado бо 98 дарсади сухтагии бадан дар бемористон бистарӣ шудааст.

Оташи нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ давоми ним соат хомуш карда шудааст.

XS
SM
MD
LG