Ссылки доступа

Президенти Туркманистон китоби наве бо номи "Ҷаҳони маънавии туркман" навишт


Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, президенти Туркманистон китоби наве бо номи "Ҷаҳони маънавии туркман" навишт, ки он ба анъанаҳои халқи туркман ва маросимҳои миллӣ бахшида шудааст. Дар ин бора расонаҳои Туркманистон хабар медиҳанд.

Дар китоб зебогии ҳаёт, саъодати дунёӣ, ҷовидонагии ҳаёт, эътибори илму маърифат дар рушди ҷомеа, усулҳои ҳаёти солим, меҳнатдӯстӣ ва меҳмоннавозӣ ва ҳамчунин анъанаҳои ахлоқӣ ва ваҳдат тасвир шудааст.

Китоби нав барои нашр ирсол шуда, "туҳфаи эҷодӣ"-и президент дар Рӯзи истиқлол хоҳад буд, менависанд расонаҳои Туркманистон.

Бердимуҳаммадов то ин замон бештар аз 40 китоб дар бораи растаниҳо, аспҳо, чой ва ҳаёти хушбахтона навиштааст. Ин китобҳоро тариқи шабакаҳои телевизионӣ дар Туркманистон қироат мекунанд.

XS
SM
MD
LG