Ссылки доступа

Таҳлили Бонки ҷаҳонӣ: Осиёи Марказӣ баъди вабо гирифтори буҳрони амиқ мешавад


Вабои коронавирус ба таҳсилот, сифати сармояи инсонӣ ва рушди иҷтимоиву иқтисодии кишварҳои Осиёи Марказӣ таъсири манфии дарозмуддат хоҳад расонид. Дар ин бора дар гузориши Бонки ҷаҳонӣ зикр шудааст.

Дар гузориш омадааст, ки дар кишварҳои минтақа ҷавонон ва донишҷӯён қариб нисфе аз аҳолиро ташкил медиҳанд. Буҳрон даромадҳои эҳтимолии насли наврасро зери хатар қарор медиҳад. Бино ба таҳлилҳо, сатҳи бесаводии амалӣ миёни наврасон меафзояд ва ин маънои онро дорад, ки шумори хонандагоне, ки аз мутолиа кардан, навиштан ва ҳисобу китоб оҷиз хоҳанд буд, афзоиш меёбад.

Ба иттилои Бонки ҷаҳонӣ, донишҷӯёни минтақа аз ҳамсолони аврупоии худ 1,5 сол қафо мондаанд.

Дарзи рӯзафзун ва ё нобаробарӣ дар таҳсилот байни хонандагони хонаводаҳои дорои даромадҳои мухталиф боиси нигаронии хос аст, омадааст дар гузориш.

Зарбаи харобиовари вабои вируси корона ба низоми таҳсилот чунон қавӣ хоҳад буд, ки пайомадҳои он (аз ҷумла зиёни иқтисодиаш, ки танҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ 44 миллиард доллар пешгӯӣ карда мешавад), даҳсолаҳо баъд эҳсос хоҳад шуд.

Ба бовари Оиша Вауда, коршиноси Бонки ҷаҳонӣ дар умури таҳсилот дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, воқеият метавонад, аз ин пешгӯӣ ҳам бадтар бошад.

XS
SM
MD
LG