Мақомоти давлатии сохтмонии Узбекистон ба тарҳкашии ин минтақа шуруъ кардаанд.
"Барои муолиҷаи зиндониёни гирифтори коронавирус 300 миллион сӯм, 4 зарфи кимлород, 600 адад дастгоҳи набзсанҷ ва чанд дона дастгоҳи нафаси сунъӣ ҷудо шудааст", - гуфт манбаъ.
Хабар дода мешавад, ки наздики 70 тан аз зиндониён, зиндонбонон ва сарбозон дар зиндони вилояти Бухорои он кишвар бо гумони мубталоӣ ба коронавирус карантин шудаанд.
Мақомоти зиндонҳои Узбекистон гуфтанд, қабули ғизо ба зиндониён муваққатан манъ гардидааст. Ҳамзамон мулоқоти вакилони мудофеъ ва хешовандони наздикро ҳам бо зиндониён манъ кардаанд.