Ссылки доступа

Дар Қазоқистон аз шаш як ҳиссаи кӯдакон ба мактаб мераванд, боқимондаҳо аз фосила таҳсил мекунанд


В Казахстане осенью в школу пойдет лишь шестая часть детей. Остальных решили учить онлайн
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:02:39 0:00

Дар Қазоқистон вабои коронавирус идома дорад ва бисёре аз сокинон соли нави таҳсилро бо нигаронӣ мунтазиранд: тавре маълум шуд, барои таҳсили фосилавӣ на ҳама омода аст.

Вазорати маорифи он кишвар омода нест, ки ҳамаи хонандагонро ба мактаб фаро гирад. Бино ба нақшаи вазорати маорифи Қазоқистон, рӯзи 1 сентябр аз 3 миллиону 300 ҳазор хонанда ҳамагӣ наздики ним миллион ва ё шашяки хонандагон ба мактба фаро гирифта мешаванд. 2 миллиону 600 ҳазор хонандаи боқимонда ба таҳсили фосилавӣ фаро гирифта мешаванд. Барои онҳо тавассути телевизион ва интернет дарс ташкил мешавад. Дар коллеҷҳо ва мактабҳои олии Қазоқистон низ дарсҳои фосилавӣ ба роҳ монда хоҳад шуд.

Аммо назарсанҷиҳо нишон медиҳанд, наздики ним миллион хонаводаҳое, ки фарзандони мактабхон доранд, ба интернет дастрасӣ надоранд.

Родители школьников в Казахстане выступили против дистанционного обучения
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:02:34 0:00

Дар шаҳри Каскелени вилояти Алмато чанде пеш сокинон бо нишони эътироз зидди дарсҳои фосилавӣ ба кӯча баромаданд.

Учительница в Узбекистане ведет онлайн-уроки на крыше: там лучше интернет
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:01:00 0:00

Мақомдорони Қазоқистон мегӯянд, мушкили дастрасӣ ба интернет дар кишварро мешавад ҳал кард, агар мақомоти вилоятӣ ба таври фаврӣ барои сохтани мавҷгирҳои ширкатҳои мобилӣ замин ҷудо кунанд.

XS
SM
MD
LG