Ссылки доступа

КМИ Белорус Лукашенкоро ғолиби интихоботи президентӣ эълом кард


Бино ба иттилои Комисияи марказии интихоботии Белорус, Александр Лукашенко, президенти амалкунандаи кишвар дар интихобот 80,23 дарсад раъй овардааст. Рақиби асосии вай Светлана Тихановская наздики 10 дарсад раъй касб кардааст.

Натиҷаҳои аввалияи интихоботиро имрӯз раси КМИ Белорус Лидия Ермошина эълом кард.

Бештар аз 84 дарсади сокинони қобили раъйи Белорус дар ин тихобот ширкат варзидаанд.

Бино ба шумориши ғайрирасмии раъйи мардум, бештар аз 80 дарсади сокинон ба ҷонибдорӣ аз Тихановская овоз додаанд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ нусхаи санадҳои шумориши раъй аз қитъаҳои овоздиҳиро нашр мекунанд. Ин санадҳо гувоҳӣ медиҳанд, ки Тихановская раъйи бештар касб кардааст.

Баъди ба поён расидани раъйдиҳӣ дар шаҳри Минск ва дигар шаҳрҳои Белорус мардум ба таври худҷӯш даст ба эътироз заданд.

Барои пароканда кардани эътирозгарон мақомот аз мошинҳои обпош, тирҳои резинӣ ва дигар василаҳои махсус кор гирифтанд. Ҳомиёни ҳуқуқ гуфтанд, ки дар натиҷаи пароканда кардани эътирозҳо як кас кушта ва даҳҳо тани дигар захмӣ шудаанд. Ҳамзамон на камтар аз 140 каси дигар боздошт шудааст. Мақомоти он кишвар дар пайи ташкили бетартибиҳои оммавӣ ва хушунат нисбати кормандони пулис парвандаи ҷиноӣ боз карданд.

XS
SM
MD
LG