Ссылки доступа

Дар Узбекистон пизишконе муҷозот мешаванд, ки гирифторони COVID-19-ро дар беморхона табобат намекунанд


Дар Узбекистон ба пизишкон дастур доданд, ки гирифторони коронавирусро дар шароити ғайри беморхона табобат накунанд.

Ин дастур дар фармони вазири тандурустӣ "Дар бораи тартиби табобат ва ташхиси вабои коронавирус" зикр шудааст.

Бино ба дастури вазорати тандурустӣ, пизишкон ва кормандони соҳаи тиб, ки дар муассисаҳои тиббии кишвар фаъолият мекунанд, бо навиштани мактуби кафолатӣ вазифадор мешаванд, ки гирифторони вируси коронаро дар ғайри беморхонаҳо табобат нахоҳанд кард. Аз болои ин фармон Раёсати назорати сифати хадамоти тиббии вазорати тандурустии Узбекистон назорат мебарад.

Ба роҳбарони муассисаҳои хусусии тиббӣ ҳам тавсия шудааст, ки ин дастурро риоя кунанд.

"Пизишкон ва дигар коргарони соҳаи тибе, ки ин фармонро риоя намекунанд, ба ҷавобгарӣ ҷалб хоҳанд шуд", - омадааст дар фармони вазорат.

XS
SM
MD
LG