Ссылки доступа

Туркияву АМА парвозҳоро бо Қирғизистон аз сар гирифтанд


Туркия ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ (АМА) бо Қирғизистон парвозҳои доимиро ба роҳ монданд.

Аз вазорати нақлиёт ва роҳҳои Қирғизистон хабар доданд, ки айни замон барои барқарорсозии равуои ҳавоӣ бо Русияву Чин гуфтугӯҳо идома доранд. Бо ин вуҷуд дақиқ нест, ки равуои қаторҳои мусофирбар ва дигар навъи нақлиёти заминӣ байни кишварҳо кай ба аз сар гирифта мешавад.

Мақомоти Қирғизистон гуфтанд, парвозҳо байни Туркияву Қирғизистон ва АМА бо Қирғизистон аз 10 август ба роҳ монда мешаванд.

Баъди он ки дар моҳи март нахустин ҳолатҳои гирифторӣ ба коронавирус дар Қирғизистон сабт шуд, марзҳои он кишвар баста ва низоми фавқулода ҷорӣ шуд.

XS
SM
MD
LG