Ссылки доступа

Ҳалокати як нафар бар асари чаппа шудани кран дар Душанбе (видео)


Бар асари чаппа шудани як крани борбардор дар шаҳри Душанбе як сохтмончӣ ҳалок шуда, як каси дигар бо ҷароҳатҳои вазнин дар бемористон бистарӣ шудааст.

Умеда Юсуфӣ, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода гуфт, ҳодиса шоми 8-уми август дар кӯчаи Сурхоби пойтахт рух дод. Дар ин ҳодиса болопӯши чанд хона низ хароб шудааст.

Ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, дарозии кран 35 метр аст ва ба ширкати "Хиштрез" тааллуқ дорад.

Мақомот сабабҳои чаппа шудани крани борбардор ва мизони зарари расидаро ба сокинон баррасӣ доранд.

Дар шабу рӯзе, ки дар Душанбе сохтмони биноҳо босуръат ҷараён дорад, тақрибан дар ҳар кӯчаву хиёбон 2-3 борбардор қомат рост кардааст. Хадамоти бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ моҳи июни соли гузашта хабар дод, ки дар сохтмонҳои пойтахт беш аз 100 кран фаъол аст.

Кори ин азимҷуссаҳо дар фосилаи баъзан хеле наздик ба минтақаҳои аҳолинишин ва роҳҳои мошингузар мояи нигаронии бархе аз сокинон шудааст. Мақомот мегӯянд, дар кори кранҳо чанд хатои техникиро ошкор карданд, вале гардиши онҳоро дар болои роҳҳову наздикии хонаи мардум хатарзо намешуморанд.

Дар солҳои гузашта ҳодисаҳои чаппашавии кранҳои сохтмонӣ дар шаҳри Душанбе сабт шудааст, ки иллати он ҳам шамоли сахт ва ҳолати нодурусти фаннӣ номбар шуда буд.

Дар як ҳодиса дар маҳаллаи наздик ба бозори “Корвон” як крани борбардор аз баландии беш аз 30 метр чаппа шуда, ба чанд хона зарар расонда буд.

XS
SM
MD
LG