Ссылки доступа

Дар Белорус эътирозҳои баъди интихоботи президентӣ аз сар гирифта шуданд


Шоми рӯзи душанбе дар шаҳри Мински Белорус рӯёрӯии пулис ва дигар мақомоти қудратӣ бо эътирозгарон аз сар гирифта шуд. Эътирозгарон бовар доранд, ки натиҷаҳои раъйдиҳӣ ба фоидаи президенти амалкунанда Александр Лукашенко дасткорӣ шудаанд.

Як ширкатдори эътирозҳои Минск шоми рӯзи душанбе кушта шуд. Дар ин бора ВКД Белорус хабар дод.

Ба иттилои ВКД, эътирозгарон дар назди истгоҳи метрои "Пушкин" сангар сохтанд. Расонаҳои Белорус ва корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ навиштанд, ки маҳз назди метрои "Пушкин" мақомоти қудратӣ бо эътирозгарон занозанӣ карданд. Пулис аз тирҳои резинӣ ва норинҷакҳои садодор истифода кард.

Дар Белорус рӯзи 9 август интихоботи президентӣ баргузор шуд. Ба иттилои расмӣ, Александр Лукашенко, президенти амалкунанда 80,08 дарсади раъйи мардумро соҳиб шуд. Ба ҷонибдорӣ аз Светлана Тихановская, рақиби асосии Лукашенко 10,09 дарсади сокинон раъй додаанд. Тихановская бо натиҷаҳои расмӣ розӣ нест.

XS
SM
MD
LG