Ссылки доступа

Эҳтимоли камбуди неруи барқ дар Қирғизистон дар зимистони пешорӯ


Дар мавсими тирамоҳу зимистони ҷорӣ дар Қирғизистон камбуди неруи барқ пешбинӣ карда мешавад. Ин камбуд ба сатҳи ками об дар обанбори Токтогул рабт дорад.

Дар ин бора ширкати "Северэлектро"-и Қирғизистон хабар дод.

Ҳукумати Қирғизистон ҳанӯз дар ибтидои соли ҷорӣ аз камобӣ хабар дода буд. Он замон гуфта мешуд, ки дар тамоми обанборҳои кишвар сатҳи об 10-12 дарсад аз меъёри муқаррарӣ кам хоҳад шуд.

Қирғизистон кишвари сероб ба ҳисоб меравад. Сарфи назар аз ин бо камбуди об барои кишоварзӣ ва истеъмоли сокинон рӯ ба рӯ аст.

Сар аз соли 2010 ба ин тараф дар Қирғизистон барои таҷдиди неругоҳҳои барқӣ, сохтани истгоҳҳои барқӣ бештар аз 1 миллиард доллар сармоя ҷалб шудааст.

XS
SM
MD
LG