Ссылки доступа

Дар Белорус ба корпартоии сартосарӣ даъват карданд


Коргарони корхонаи дастгоҳҳои барқии ба номи Козлов дар Белорус корпартоӣ карданд. Дар ин бора саҳифаи Nexta дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар дод.

Пештар аз ин дар Белорус аз ҳамаи корхонаҳо даъват шуд, ки сар аз 11 август корпартоии бемуҳлат эълом кунанд.

Ҳадаф аз ин корпартоӣ - "эътирофи Светлана Тихановская ҳамчун президенти нав, озодии тамоми зиндониёни сиёсӣ, баргузории интихоботи нав", унвон шудааст.

"Ҳеч тағйироти сиёсиву иқтисодӣ дар ояндаи наздик дар нақша нест. Мо аз таҳаммули ҳамаи ин хаста шудем ва ба ҳамин хотир корпартоии умумимиллӣ эълом мекунад. Барои ин моро наметавонанд, боздошт кунанд", - чунин даъват дар шабакаҳои иҷтимоӣ мечархад.

Рӯзи 9-уми август дар Беларус интихоботи президентӣ баргузор шуд. Ба иттилои расмӣ, раиси ҷумҳури феълӣ Александр Лукашенко 80,08 дарсади ройи мардумро соҳиб шудааст. Мақомот мегӯянд, 10,09 дарсади мардум аз Светлана Тихановская, рақиби асосии Лукашенко, пуштибонӣ карданд. Тихановская ва ҷонибдоронаш бо натиҷаҳои расмӣ розӣ нестанд.

Светлана Тихановская, рақиби аслии Александр Лукашенко, раиси ҷумҳури Беларус дар интихоботи рӯзи 9-уми август буд ва баъди эълони пирӯзии Лукашенко мардуми зиёде ба тазоҳурот баромаданд. Тазоҳурот, ки баъдан ба хушунат печид ду рӯз боз аст, идома дорад.

Дар тазоҳуроти шаби 10-уми август камаш 1 нафар ҳалок шудааст. Аъзои ситоди интихоботии Светлана Тихановская, баъди берун омадани ӯ аз Комиссияи марказии интихобот дигар ӯро надидаанд. Қаблан худаш гуфт, ки дар интихобот ӯ пирӯз шудааст, на Лукашенко.

XS
SM
MD
LG