Ссылки доступа

Дар Қирғизистон роҳбарияти нашрияи "Супер-Инфо" зери фишор ширкатро тарк кард


Мудири нашрияи "Супер-Инфо" Шоиста Шодмонова, ҳамчунин мудири сомонаи Super.kg ва муҳаррири сомона ин ширкатро тарк карданд. Шодмонова дар суҳбат бо расонаҳо гуфт, ки ихтилофи дидгоҳҳои сиёсӣ боиси чунин тасмим шудааст.

"Ба далели фишорҳои гуногун ман маҷбур шудам, ки аз роҳбарии нашрия канор равам", - гуфт Шоиста Шодмонова.

Баҳори соли ҷорӣ маълум шуд, ки соҳиби нашрияи сертиражи "Супер-Инфо" ва сомонаи маъруфи Super.kg иваз шудааст.

Бархе аз манобеъ мегӯянд, ҳамакнун ин минбари иттилоотиро муовини пешини раиси Хадамоти гумруки Қирғизистон Раимбек Матраимов соҳиб шудааст. Аммо муассиси нашрия Қиличбек Султон ин хабарҳоро рад кард.

Нашрияи "Супер-Инфо" аз соли 2002 ба ин тараф нашр мешавад. Ин нашрия яке аз маъруфтарин нашрияҳои қирғиззабон ба ҳисоб меравад.

XS
SM
MD
LG