Ссылки доступа

Модарони серфарзанд дар шаҳри Нурсултон талаби пардохти кӯмакпулӣ доранд


Дар шаҳри Нурсултони Қазоқистон рӯзи 11 август бештар аз 30 модари серфарзанд назди вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҷамъ шуда, талаби мулоқот бо вазирро карданд.

Ин модарон талаб доранд, ки кӯмакпулии дар ҳаҷми 21 ҳазор танга (наздики 50 доллари ИМА) баргардонида ва хонаводаҳои ниёзманд бо сарпаноҳ таъмин карда шаванд.

"Ман шаш фарзанд дорам. Дар таҳхона зиндагӣ мекунам. Давлат ба мо ҳеч кӯмаке нарасонд. Чаро давлат модарони серфарзандро кӯмак намекунад?", - мепурсад яке аз занони тазоҳургар.

Ин модарон ҳамзамон мегӯянд, ки мақомот ба онҳо фишор меоранд.

"Вақте мо пушти дари муассисаҳои давлатӣ ҷамъ мешавем, ба мо фишор меоранд. Афроде дар либоси мулкӣ моро навор мегиранд ва номҳоямонро мепурсанд. Мо инро як навъи фишор меҳисобем", - гуфт яке аз занони ҷамъшуда.

Бо ин вуҷуд вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Қазоқистон Бирҷон Нуримбетов ба мулоқоти занон ҳозир нашуд. Занон гуфтанд, шабро пушти дари вазорат рӯз хоҳанд кард.

Бино ба тартиби нав дар Қазоқистон, ҳукумат сарфи назар аз даромад ва ё вазъи иҷтимоӣ ба хонаводаҳои серфарзанд кӯмакпулии ҳармоҳа пардохт мекунад. Айни замон хонаводаҳои дорои чаҳор фарзанд ҳаққи дарёфти 10 ҳазору 500 танга барои ҳар кадом кӯдак, дар маҷмуъ бештар аз 42 ҳазор танга (100 доллари ИМА)-ро доранд. Хонаводаҳои дорои панҷ фарзанд бештар аз 53 ҳазор танга ва хонаводаҳои дорои шаш фарзанд зиёда аз 63 ҳазору 500 танга дарёфт хоҳанд кард. Аммо ин пардохтҳо вобаста ба маоши ҳадди ақал ва сатҳи фақр сурат мегиранд. Хонаводаҳои серфарзанд аз ин талабот норозӣ ҳастанд ва талаб доранд, ки кӯмакпулиҳои дар ҳаҷми 21 ҳазор танга баргардонида шаванд.

XS
SM
MD
LG