Ссылки доступа

Путин аз сабти нахустин воксини зидди коронавирус дар Русия хабар дод


Владимир Путин, президенти Русия хабар дод, ки дар кишвараш нахустин воксини зидди вабои коронавирус сабт шудааст. Вай афзуд, яке аз духтаронаш то ин замон воксин гирифтааст.

Путин дар ин бора дар ҷаласаи ҳукумати кишвараш рӯзи 11 август хабар дод. Ба гуфтаи вай, воксин дар ҷараёни озмоиш коромадии худро нишон дода ва қодир аст, ки масунияти устувореро зидди коронавирус шакл диҳад.

Айни ҳол дар саросари дунё бештар аз 100 навъи воксини эҳтимолӣ зидди коронавирус дар ҳоли коркард аст ва ҳадди ақал се навъи он дар марҳилаи ниҳоии коркард қарор дорад. Ба иттилои Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, пажуҳишҳо барои тасдиқи воксини зидди коронавирус чанд моҳ давом хоҳанд кард.

Русия нахустин кишварест, ки воксини зидди коронавирусро сабт мекунад. Аммо олимон ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷи Русия ба ин дастовард бо шубҳа менигаранд. Ҳафтаи гузашта Созмони ҷаҳонии тандурустӣ аз Русия даъват кард, ки қоидаҳо ва дастурамали созмонро риоя кунад ва аз ҳамаи марҳилаҳои барои сабти воксин зарурӣ, бигзарад.

Аммо Путин пофишорӣ дорад, ки воксини русӣ ҳамаи озмоишҳои заруриро гузаштааст. Вай илова кард, ки яке аз духтаронаш воксин гирифта ва худро хуб ҳис мекунад. "Умедворам, мо дар фурсатҳои наздик истеҳсоли воксинро дар ҳаҷми бузург шуруъ хоҳем кард", - гуфт Путин.

XS
SM
MD
LG