Ссылки доступа

Вакилони дифои рӯзноманигори ӯзбек наметавонанд бо ӯ вохӯранд


Журналист Бобомурод Абдуллаев.
Журналист Бобомурод Абдуллаев.

Ба вакилони дифои рӯзноманигори узбекистонӣ Бобомурод Абдуллоев, ки дар шаҳри Бишкек боздошт шудааст, иҷозат намедиҳанд бо шахси зери ҳимояашон мулоқот кунанд. Дар ин бора яке аз вакилони ӯ Наталя Котик иттилоъ дод.

Ба гуфтаи вакили дифоъ, вай ду рӯз мешавад, бо Абдуллоев, ки дар боздоштгоҳи Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон дар шаҳри Бишкек қарор дорад, наметавонад вохӯрад.

"Онҳо карантини 14-рӯзаро баҳона пеш меоранд. Дирӯз гуфтанд, ки утоқҳои нигаҳдориро зиддиуфунӣ мекунанд ва фардо метавонам бо шахси зери ҳимояам мулоқот кунам. Вале имрӯз боз мегӯянд, ки ба иллати карантин наметавонед бо Абдуллоев вохӯред. Абдуллоев бемор нест ва ман ҳам. Шоми 10 август бо ӯ мулоқот доштам. Ҳайратовараш ин аст, ки қоидаҳои карантин танҳо ба Абдуллоев дахл дорад.

Пештар намояндаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон гуфт, ки Бобомурод Абдуллоевро рӯзи 8 август бо дархости Узбекистон боздошт кардаанд.

Ба гуфтаи вакили мудофеи рӯзноманигор, Абдуллоев дар Узбекистон бо моддаи "Бадномсозии президенти Узбекистон" ва "Бадномсозии сохти конститутсионии Узбекистон" айбдор мешавад.

Бобомурод Абдуллоев моҳи сентябри соли 2017 аз сӯи мақомоти амниятии Узбекистон дар шаҳри Тошканд боздошт шуда буд. Ӯро дар навиштани мақолаҳо зидди сохтори конститутсионии Узбекистон бо номи мустаор айбдор карданд.

Додгоҳ моҳи майи соли 2018 Абдуллоевро ба 1,5 соли корҳои ислоҳӣ маҳкум ва аз толори додгоҳ раҳо кард.

Бобомурод Абдуллоев бо даъвати Донишгоҳи амрикоӣ дар Осиёи Марказӣ барои таҳсили муваққат ба шаҳри Бишкек омада буд. Аммо баъди анҷоми таҳсил ба далели баста шудани марзҳо натавонист, ки ин кишварро тарк кунад.

.

XS
SM
MD
LG