Ссылки доступа

ИА Беларусро ба сард шудани муносибатҳо ва таҳрим таҳдид кард


Акция протеста в Минске

Иттиҳоди Аврупо (ИА) зидди мансабдорони Беларус, ки дар хушунатҳо алайҳи эътирозгарон, боздоштҳои беасос ва сохтакорӣ дар интихоботи президентии он кишвар даст доранд, эҳтимол дорад, таҳрим эълом кунад.

Дар ин бора дар изҳороти раҳбари ниҳоди ИА дар умури хориҷӣ Жозел Боррел, ки рӯзи сешанбе нашр гашт, гуфта шудааст.

Дар изҳорот омадааст, интихоботи президентие, ки 9 август дар Беларус баргузор шуда, бино ба эътилои расмӣ, бо пирӯзии Александр Лукашенко анҷомид, ноозод ва бар хилофи меъёрҳое буд, ки кишварҳои узви Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупо бояд риоя кунанд. Ба ҷуз ин, мақомоти Беларус зидди эътирозгарон аз хушунат кор гирифтанд, ки дар натиҷа як кас ҷон бохта, шумори зиёди иштирокдорон осеб диданд.

ИА аз Беларус даъват карда, ки боздоштшудаҳоро фавран ва бидуни шарт озод кунад.

Ҳамчунин қайд шуда, ки муносибатҳои Беларус бо ИА аз соли 2015 ба ин сӯ беҳтар шудаанд, вале эҳтимол дорад, ки ба иллати поймоли густардаи ҳуқуқи инсон аз сӯи мақомоти ин кишвар дубора бад шаванд.

Пештар Вазорати умури хориҷии Беларус гуфта буд, ки аъзои ИА вазъ дар ин кишварро "воқеъбинона" арзёбӣ намекунанд.

Комиссияи марказии интихоботии Беларус дар интихоботи 9 август Александр Лукашенкоро дубора пирӯз эълом кард, ки норозигии сокинони ин кишварро ба бор оварда, боиси сар задани эътирозҳо дар шаҳрҳои он кишвар шуд.

XS
SM
MD
LG