Ссылки доступа

Рӯзноманигори қирғиз барои як навиштааш дар Фейсбук ба бозпурсӣ даъват шуд


Рӯзноманигор Айданбек Акматов 11 август барои як навиштааш дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук дар бораи нуфузи олигархҳо ба сиёсати Қирғизистон ба Вазорати умури дохилии ин кишвар даъват шуд.

Акматов 22 июни соли равон дар Фейсбук навишт, ки солҳои 2010-2015 олигархҳо дар Қирғизистон бо таъсиси ҳизбҳои худ нуфузашонро ба сиёсат тақвият бахшида, бо дуздии манбаъҳои миллӣ фаъолона машғул шуданд. Ӯ ҳамчунин афзуда, ки президенти Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков ба монанди ҳамтои пешинаш Алмосбек Отамбоев ҳангоми ташкили порлумон аз олигархҳо истифода мекунад.

Акматов даъват ба Вазорати умури дохилии Қирғизистон барои бозпурсиро ба назарҳои сиёсияш рабт медиҳад.

"Тавре маълум шуд, навиштаи маро сомонаи ua.kg нашр кардааст. Дар асоси ин матлаб тафтишот идома дорад. Ин як навъи фишор ба фаъолиятҳои сиёсии ман аст. Сабаби дигарро намебинам. Конститутсия ба ҳар як шахс ҳақ медиҳад, ки назарашро озод баён кунад. Ман ҳам назари худро нисбат ба равандҳои сиёсии кишвар баён кардам. Агар ин гуна идома ёбад, оянда чӣ мешавад?", - изҳор дошт рӯзноманигор.

XS
SM
MD
LG