Ссылки доступа

Даҳҳо гектар чарогоҳ дар ноҳияи Восеъ сӯхтааст


Шаби 11-уми август даҳҳо гектар чарогоҳ дар ноҳияи Восеи вилояти Хатлон ба коми оташ рафтааст.

Мақомоти идораи оташнишонии минтақаи Кӯлоб мегӯянд, бо азобе сӯхторро хомӯш карданд ва дар ин ҳодиса касе осеб надид. Аммо сокинони ҷамоати ба номи Худоёр Раҷабови ноҳияи Восеъ гуфтанд, сӯхтор ҷойи чаридани чорвои онҳоро аз байн бурд ва барояшон мушкил эҷод кард.

Ин дувумин сӯхтори бузург дар тақрибан як моҳи ахир дар ҳудуди ноҳияи Восеъ аст. Шоми 26-уми июл дар ду гектар замини ҷангалзори Кӯҳи Намак низ сӯхтор рух дод.

Мақомот мегӯянд, имсол бо гарм омадани тобистон даҳҳо гектар заминҳои кишт ва чарогоҳҳо сӯхтаанд. Ҳотамшоҳ Назарзода, сардори идораи оташнишонии минтақаи Кӯлоб гуфт, "дар шаш моҳи имсол 5,6 гектар ғаллазор, заминҳои зағир ва чарогоҳ оташ гирифтанд."

Зарари умумӣ аз ғаллазор беш аз 16 ҳазор сомонӣ, муодили тақрибан ду ҳазор доллар, ҳисоб шудааст, аммо зарари сӯхтор дар чарогоҳ ва заминҳои баъди даравро нашумурдаанд.

XS
SM
MD
LG