Ссылки доступа

Ӯзбекистон аз 15 август сабуктар кардани карантинро оғоз мекунад


Дар тамоми минтақаҳои Ӯзбекистон аз 15 август ба ҳаракати рӯзонаи воситаҳои нақлиёт иҷозат дода шуда, парвозҳо ва равуои дохилии қатораҳо аз сар гирифта мешавад. Дар ин бора президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар як ҷаласаи видеоии худ 12 август хабар дод.

Ба огаҳии хадамоти матбуотии президенти Ӯзбекистон, истироҳатгоҳҳо, меҳмонсаройҳо, осорхонаҳо, кошонаҳои ҳусн, сартарошхонаҳо, маконҳои ғизои ом зери осмони боз ҳам дубора фаъолият мекунанд.

Ба баргузории ҷашнҳои хонаводагӣ низ бо иштироки на бештар аз 30 нафар ва бо риояи талаботи ҷорӣ иҷозат дода мешавад.

Интизор меравад, ба равуои воситаҳои нақлиёт миёни минтақаҳои Ӯзбекистон аз 17 август иҷозат шавад.

Бозорҳои либоса ва масолеҳи сохтмонӣ, марказҳои бузурги савдо, толорҳои варзишӣ ва ҳавзҳо аз 20 август дарҳои худро дубора боз мекунанд.

XS
SM
MD
LG