Ссылки доступа

Дар Беларус занон дубора зидди хушунат эътироз карданд


Дар шаҳри Минск субҳи 13 август низ ҳамоиши ҳамраъйӣ бо онҳое идома ёфт, ки дар ҷараёни эътирозҳо зидди натиҷаҳои расмии интихоботи президентии Беларус дастгир шуданд. Дар ин бора бахши беларусии Радиои Озодӣ хабар дод.

Занон бо либосҳои сафеду дар даст гулдаста дар чандин кӯчаву хиёбонҳои пойтахти Беларус "занҷираи ҳамраъйӣ"-ро ташкил карданд. Ронандагони мошинҳо ба нишони ҳамраъйӣ сигнал медоданд.

Ба гуруҳи занони норозӣ табибони бемористони рақами 1-и шаҳри Минск низ пайвастанд.

Ҳамоиши эътирозии занон зидди саркӯби бераҳмонаи эътирозгарон қаблан дар чанд шаҳри Беларус низ баргузор шуд.

Дар шаҳри Минск ҳудуди 250 зан дар шакли занҷира гирди ҳам омада, шиор мепартофтанд, ки "латтукӯби моро қатъ кунед! Мо танҳо ҳисоби дурусти овозҳоро мехоҳем!".

XS
SM
MD
LG