Ссылки доступа

Дар як рӯз 517 қазоқистонӣ ба коронавирус мубтало шудааст


Мақомоти Қазоқистон 13 август хабар доданд, ки давоми як шабонарӯзи ахир дар ин кишвар 517 ҳолати нави мубталошавӣ ба коронавирус сабт шудааст.

Бештари ҳолатҳоро дар вилоятҳои Қазоқистони Шарқӣ (85), Қарағанда (56), шаҳрҳои Алмато (52) ва Нурсултон (38) ба қайд гирифтаанд.

Бино ба иттилои Вазорати тандурустии Қазоқистион, аз аввали шуюи коронавирус то ба ҳол дар ин кишвар 101 372 нафар ба он мубтало шудааст. Ба ин омор онҳое шомил намешаванд, ки бо илтиҳоби шуш табобат гирифтаанд ё бистарӣ гашта буданд.

Тибқи иттилои расмӣ, дар Қазоқистон ҷамъан 1 313 кас бар асари коронавирус ҷон бохтааст.

XS
SM
MD
LG