Ссылки доступа

Ӯзбекистон муҳлати карантинро аз 14 то ба 7 рӯз кам мекунад


Мақомоти Ӯзбекистон муҳлати нигаҳдории шаҳрвандонро дар маконҳои карантин аз 14 то ба 7 шабонарӯз коҳиш медиҳанд. Дар ин бора қарори Ситоди ҷумҳуриявии мубориза бо коронавирус 12 август содир шудааст.

Дар қарори ситод омадааст, тартиби нигаҳдории шаҳрвандоне, ки аз хориҷ ба Ӯзбекистон баргардонида мешаванд, дар асоси тавсияҳои Созмони ҷаҳонии тандурустӣ сурат мегирад.

Дар сурати манфӣ баромадани натиҷаи озмоишҳо шаҳрвандон метавонанд маҳалли карантинро тарк кунанд.

Дар ҳоли ҳозир дар Ӯзбекистон 32,8 ҳазор ҳолати мубталошавӣ ба коронавирус ошкор карда шудааст. Аз ин миён 25 ҳазору 659 бемор шифо ёфта, ҷамъан 213 кас ҷон бохтааст.

XS
SM
MD
LG