Ссылки доступа

Полковник ӯзбек баъди озод шуданаш аз зиндон сардори идораи амният таъйин шуд


Таймураз Алимов.

Полковник Таймураз Олимов, ки охирҳои соли 2019 аз зиндон озод гашта буд, сардори Идораи амнияти давлатии вилояти Қашқадарёи Ӯзбекистон таъйин шудааст.

Дар ин бора се манбаи наздик ба ҳукумати Ӯзбекистон ба бахши ӯзбекии Радиои Озодӣ хабар доданд. Як ҳамсуҳбати мо дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ӯзбекистон 13 август гуфт, Таймураз Олимовро дар ҷаласаи маъмурияти вилояти Қашқадарёӣ дидааст.

Манбаи дигари мо гуфт, ному насаби Олимовро дар қарори раиси вилояти Қашқадарё хондааст, ки ба ҳайси сардори Идораи амнияти давлатии вилоят зикр шуда буд.

Дар Додситонии кулли Ӯзбекистон хабари аз зиндон озод шудани Олимов ва таъйин гаштанаш ба мақоми сардори Идораи амнияти Қашқадарёро шарҳ надоданд. "Ин масъала дар салоҳияти Хадамоти амнияти давлатии Ӯзбекистон (ХАДӮ) аст. Бинобар ин, бояд ба он ниҳод муроҷиат кард", - гуфтанд дар хадамоти матбуотии додситонӣ.

Талошҳои бахши ӯзбекии Радиои Озодӣ барои тамос бо дафтари матбуотии хадамоти амният бенатиҷа буданд.

Таймураз Олимови 44-сола 26 феврали соли 2018 боздошт шуда буд. Зидди ӯ, ки он замон ба ҳайси муовини сардори Идораи мубориза бо коррупсия ва ҷиноятҳои муташаккили ХАДӮ кор мекард, бо ҷурми "Куштори барқасдона", "Сӯистифода аз мақом ё беамалӣ" ва "Ба ҷавобгарӣ ҷалб кардани шахси бегуноҳ" айб эълон шуда буд.

XS
SM
MD
LG