Ссылки доступа

Дар ҷануби Туркманистон сокинон ба нишони эътироз роҳро бастанд (видео)


Огромные очереди из желающих снять наличность стала обычной картиной в Туркменистане

Дар шаҳри Марии Туркманистон 12 август садҳо одаме, ки барои гирифтани нақдина аз банкомат навбат меистоданд, ба нишони эътироз роҳи марказии шаҳрро баста, ба кормандони ҳифзи ҳуқуқ муқобилият нишон доданд.

Иштирокдорони эътирози худҷӯш дар кӯчаи Молланепес аз он норозӣ буданд, ки бокнҳои "Сенагат" ва "Дайхан" аз хидматрасонӣ ба сокинони аз деҳот омада худдорӣ мекарданд.

Масъулони бонкҳои мазкур ба сокинони ҷамъшуда гуфтаанд, банкоматҳои бонкҳо танҳо ба онҳое хидмат мерасонанд, ки маҳалли зисташон шаҳри Марӣ қайд шудааст. Ин қарор норозигии сокинонро ба бор оварда, онҳо ба нишони эътироз роҳи мошингардро бастаанд.

Маъмурони пулисе, ки дар маҳалли ҳодиса ҳузур доштанд, натавонистаанд, пеши роҳи сокинонро бигиранд. Баъд аз нимсоат ба маҳалли эътироз нерӯи иловагӣ ҳозир ва таҷаммуъ пароканда шудааст.

COVID-19: Безвыходность заставляет туркменистанцев нарушать ограничения
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:02:36 0:00

XS
SM
MD
LG