Ссылки доступа

HRW аз Қирғизистон хост, "Қора Мерган"-ро ба Узбекистон надиҳад


Узбекский журналист Бобомурод Абдуллаев

Як созмони муътабари ҳомии ҳуқуқ аз ҳукумати Қирғизистон хост, Бобомурод Абдуллоев, хабарнигори узбекро ба Тошканд истирдод накунад. Ӯро рӯзи 9-уми август бо дархости мақомоти Узбекистон дар Бишкек дастгир карданд.

Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) рӯзи 12-уми август бо нашри як баёнияи расмӣ гуфт, ки ҳукумати Қирғизистон бояд хабарнигорро озод кунад.

Дар баёнияи Ҳю Вилямсон, мудири созмони байналмилалӣ барои Аврупо ва Осиёи Марказӣ омадааст: “Дар сурати бозпас фиристодани Абдуллоев ба Узбекистон, хатари шиканҷа ба ӯ таҳдид мекунад ва барои ҳамин додситони Қирғизистон бояд дархости мақомоти Узбекистонро рад кунад.”

“Мақомоти Қирғизистон медонанд, ки бар асоси қонуни байналмилалӣ ҳақ надоранд, ҳеч касро ба ҷое бифристанд, ки шояд барои ақидаҳои сиёсӣ ва баҳрабардорӣ аз ҳуқуқи бунёдиашон шиканҷа шаванд”, -- омадааст дар баёния.

Мақомоти Қирғизистон мегӯянд, Бобомурод Абдуллоевро рӯзи 9-уми август дар Бишкек дастгир карданд ва ӯ то рӯзи 8-уми сентябр ва то замони баррасии дархости истирдод ба Узбекистон дар боздоштгоҳ мемонад.

Вакили мудофеаш Темур Қарабоев пештар гуфт, ки Абдуллоев аз моҳи феврал дар Қирғизистон буд. Ба қавли ӯ, хабарнигори узбек, ки дар Донишгоҳи Амрикоии Осиёи Марказӣ дар Бишкек чаҳор моҳ таҳсил кард, ба сабаби пандемияи коронавирус ва маҳдудиятҳои равуо дар Қирғизистон дармонд. Темур Қаробоев афзуд, баъд аз боздошт, то кунун ба ӯ иҷоза надодаанд, ки Бобомурод Абдуллоевро бубинад.

Мақомот гуфтаанд, ки ба сабаби карантини дуҳафтаинаи хабарнигор вакил ҳаққи дидани Абдуллоевро надорад.

Мақомоти Қирғизистон шарҳ надодаанд, ки Узбекистон барои истирдоди Абдуллоев чӣ далел овардаанд. Бино ба гузоришҳо, Узбекистон Бобомурод Абдуллоевро барои навиштаҳои интиқодиаш дар бораи раиси ҷумҳур Шавкат Мирзиёев ҷустуҷӯ доштаанд. Ба навиштаи онҳо, ӯ матолибашро бо номи Қора Мерган чоп мекунад, аммо хабарнигор гуфтааст, ки саҳифаи Қора Мерган аз ӯ нест.

Бобомурод Абдуллоевро соли 2017 низ ҳамроҳ бо се нафари дигар дар шаҳри Тошканд дастгир карданд. Онҳо дар он замон ба даъват барои тағйири сохти конститутсионӣ дар Узбекистон муттаҳам мешуданд.

Иттиҳомот барои силсилаи мақолаҳое аз номи мустаори Усмон Ҳақназаров нашр мешуд, ки зоҳиран чанд нафар истифода мебурдаанд.

Бобомурод Абдуллоев он замон иттиҳомотро рад карда ва гуфтааст, ки фақат кори хабарнигориашро анҷом медод. Моҳи майи соли 2018 ин хабарнигорро ба “таблиғоти зиддидавлатӣ” муттаҳам карданд, вале иттиҳомоти даъват барои сарнагунии ҳукумат собит нашуд ва хабарнигорро озод карданд.

XS
SM
MD
LG