Ссылки доступа

Дар як рӯз 31 сокини Қазоқистон аз коронавирусу илтиҳоби шуш ҷон додааст


Дар Қазоқистон дар як шабонарӯзи ахир 21 нафар бар асари коронавирус ва 10 тани дигар аз бемории илтиҳоби шуш, ки яке аз нишонаҳои ин вирус мебошад, ҷон бохтааст.

Рӯзи панҷшанбе дар 934 сокини Қазоқистон бемории илтиҳоби шуши "навъи коронавирусӣ" ошкор карда шудааст. Танҳо дар 13 рӯзи аввали моҳи август дар ин кишвар 16 666 нафар ба навъи мазкури илтиҳоби шуш мубтало шудааст. 198 кас бар асари он ҷон додааст.

Бино ба иттилои Вазорати тандурустии Қазоқистон, рӯзи 13 август гирифтории 476 сокини ин кишвар ба коронавирус тасдиқ шудааст. Тибқи омори расмӣ, дар Қазоқистон 1 ҳазору 356 кас аз коронавирус фавтидааст. Ба ин омор мубталоёне шомил нашуданд, ки комиссияи давлатӣ сабаби маргашонро бемории дигар номида буд.

Шумори умумии мубталоёни коронавирус дар ин кишвар аз марзи 101 ҳазор гузашт.

XS
SM
MD
LG