Ссылки доступа

СҶТ: "сирояти коронавирус тавассути ғизо номумкин аст"


Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) мегӯяд, далелҳое мавҷуд нест, ки сирояти коронавирус аз як шахс ба шахси дигарро тавассути ғизо тасдиқ кунад ва аз ин рӯ сокинон набояд ҳарос дошта бошанд, ки ин вирус ба воситаи ғизо сироят мекунад.

Ин изҳороти СҶТ баъди он нашр мешавад, ки ахиран дар ду шаҳри Чин дар бастаҳои маҳсулоти яхбастаи воридотӣ коронавирус ошкор шуд. Ин чиз нигарониҳоеро низ ба вуҷуд овард, ки эҳтимоли паҳншавии вирус тавассути маҳсулоти ғизоӣ вуҷуд дорад.

"Мардум аз маҳсулоти ғизоӣ, бастаҳои маводи ғизоӣ ё дастрас кардани он набояд ҳарос дошта бошанд. Ягон далеле мавҷуд нест, ки саҳми маводи ғизоӣ дар паҳншавии коронавирусро тасдиқ кунад", - изҳор дошт раҳбари барномаҳои изтирории СҶТ Майк Райан 13 август дар Женева.

Рӯзи панҷшанбе шумори фавтҳо бар асари коронавирус дар саросари ҷаҳон аз марзи 750 ҳазор гузашт. Баъзе аз кишварҳо дар пасманзари афзоиши шумори мубталоён карантинро сахттар карданд. То ба имрӯз дар ҷаҳон 20,7 миллион одам ба вируси мазкур мубтало шудааст.

XS
SM
MD
LG