Ссылки доступа

Расонаҳои Қазоқистон дар бораи марги набераи Назарбоев хабар доданд


Хабаргузориҳои Қазоқистон 16 август дар бораи марги Ойсултон Назарбоев - набераи президенти пешини ин кишвар Нурсултон Назарбоев хабар доданд.

"Ойсултон Назарбоев имшаб дар шаҳри Лондон даргузашт. Сабабҳои марги ӯ муайян карда мешавад. Бино ба маълумоти пешакӣ, қалбаш аз тапиш боз мондааст ва ҷузъиёти дигари ҳодиса феълан маълум нест", - навиштаанд расонаҳои маҳаллии Қазоқистон.

Дариға Назарбоева, духтари Нурсултон Назарбоев ва модари Ойсултон низ марги писарашро тасдиқ кард.

Хабаргузории КазТАГ бо истинод ба чанд манбаъ хабар дода, ки маросими дафни набераи Назарбоев 17 август дар шаҳри Алмато баргузор мешавад.

Ойсултон Назарбоев писари Дариға Назарбоева ва Роҳат Алиев аст. Ӯ Академияи низомии шоҳигарии Бритониёро хатм карда, ба раёсати ҷосусии Вазорати мудофиаи Қазоқистон ба кор қабул шуда буд.

Падари Ойсултон – Роҳат Алиев – собиқ дипломат ва мақомдори баландпояи ҳукумати Қазоқистон, баъди бад шудани равобиташ бо падарарӯси президенташ тарки кишвар кард ва дар Вена зиндагӣ ихтиёр намуд. Соли 2008 бо қарори додгоҳе дар Алмаато ғоибона ба 20 соли зиндон маҳкум шуд. Соли 2015 дар як зиндони Австрия ҷасади ӯ пайдо шуд ва фарзияи расмӣ ин аст, ки худкушӣ кардааст, вале наздиконаш ба ин бовар надоранд.

Ойсултон Назарбоев, вақтҳои ахир дар шаҳри Лондон зиндагӣ мекард, аз ҳукумати Бритониё паноҳандагии сиёсӣ хостааст. Дар ин бора худи Ойсултон рӯзи 12-уми феврали имсол дар саҳифаи расмиаш дар Фейсбук, ки дар онҷо бо номи "Ойсултон Роҳат" сабтином шудааст, хабар дода буд.

Набераи президенти пешини Қазоқистон дар изҳороти фейсбукиаш мегӯяд, дар бораи фасодкориҳои миёни ҳукуматҳои Русия ва Қазоқистон иттилоъ дорад.

XS
SM
MD
LG