Ссылки доступа

Қазоқистон ба мусофирон аз 17 кишвар бидуни санҷиш иҷозати вуруд медиҳад


Сардухти беҳдоштии Қазоқистон Айжан Есмагамбетова қарореро содир кард, ки бар асоси он, аз 17 августи соли равон дар ин кишвар карантин сабуктар хоҳад шуд.

Дар қарор, аз ҷумла омадааст, мусофирон аз кишварҳои Чин, Куриёи Ҷанубӣ, Ҷопон, Гурҷистон, Тайланд, Маҷористон, Ҳиндустон, Олмон, Чехия, Малайзия, АМА, Беларус, Туркия, Миср, Украина, Нидерландия ва Русия вазифадор нестанд, ки ҳангоми вуруд ба Қазоқистон дар бораи мубтало набудан ба коронавирус маълумотнома пешниҳод кунанд.

Лаҳистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ба гуруҳи кишварҳое шомиланд, ки мусофирони онҳо ҳангоми вуруд ба Қазоқистон бояд дар бораи манфӣ будани натиҷаи санҷишашон аз коронавирус маълумотнома ироа кунанд.

Мақомоти Қазоқистон пештар хабар доданд, ки парвозҳои байналмилалӣ миёни ин кишвар ва АМА, Беларус, Олмон, Нидерландия, Миср, Украина ва Русия ҳафтаи оянда аз сар гирифта мешавад. Туркия низ хабар дод, ки эҳтимол аст, парвозҳо миёни ин кишвар ва Қазоқистон аз 1 сентябр дубора роҳандозӣ шавад.

Сар аз 17 август дар Қазоқистон карантини сахте, ки аз 5 июл эълом шуда буд, сабуктар шуда, ба фаъолияти баъзе аз бахшҳо, аз ҷумла марказҳои савдо, хидматрасонӣ, кошонаҳои ҳусн ва сартарошхонаҳо иҷозат дода мешавад.

Шумори умумии мубталоёни коронавирус дар Қазоқистон ба 102 696 расида, бино ба омори расмӣ, то ҳол 1 397 кас бар асари вирус ҷон бохтааст.

XS
SM
MD
LG