Ссылки доступа

200 муҳоҷири тоҷикро аз марзи Қазоқистон баргардонданд


Созмони Байналмилалии Муҳоҷират эълон кард, ки барои баргардонидани беш аз 200 шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар марзи Қазоқистон бо Узбекистон дармонда буданд, мусоидат кардааст.

Дар баёнияи расмии созмон, ки имрӯз нашр шуд, муҳоҷирони тоҷик, ки дар гузаргоҳи марзии Жибек Жоли дармонда буданд, дар ҳамкорӣ бо ҳукумати Тоҷикистон субҳи 16-уми август ба кишвар баргаштанд.

Дар баргардонидани муҳоҷирон Норвегия кӯмаки молӣ кардааст. Дар баёнияи Созмони Байналмилалии Муҳоҷират омадааст, ки аз замони маҳдуд кардани равуо ва бастани марзҳо ба сабаби пандемияи коронавируси нав, созмони мазкур ба бозгашти беш аз 1800 шаҳрванди Тоҷикистон аз Қазоқистон тавассути Узбекистон мусоидат кардааст.

Дар баёния омадааст: “Дар ин миён, занону кӯдакон, муҳоҷирони корӣ ва донишҷӯён низ ҳастанд, ки дар марзи Қазоқистон бо Узбекистон бо умеди идомаи роҳ ба Тоҷикистон ҷамъ омада буданд. Бархе аз онҳо дар марз дар шароити тоқатфарсо бо дастрасии маҳдуд ба об, ғизо ва маводи беҳдоштӣ ва зери хатари гирифторӣ ба КОВИД-19 муддате ба сар бурданд. Ба сабаби набудани паноҳгоҳ, муҳоҷирон дар зери ҳавои кушод ва гарм ба сар бурданд. “

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират бо ситоиш аз баъзе чораҳои андешидаи ҳукуматҳои кишварҳои ҷаҳон барои муҳоҷирони гирифтори мушкилот ҳамчунин аз онҳо хостааст, ки “роҳҳои бозгардонидани муҳоҷирони дармондаро бо назардошти риояи меъёрҳои муҳофизати саломатии ҷомеа ҷӯё шаванд.”

XS
SM
MD
LG