Ссылки доступа

Тошканд барои лағви таҳримҳо зидди пахтаи ӯзбекӣ ниммиллион доллар додааст


Оҷонси пешбурди содироти назди Вазорати сармоягузорӣ ва савдои хориҷии Ӯзбекистон барои бекор кардани таҳримҳои эътилофи Cotton Campaig, ки зидди пахтаи ӯзбекӣ эълом шудаанд, ширкати махсуси таблиғотиеро киро кардааст.

Нусхаи созишномаи Вазорати сармоягузорӣ ва савдои хориҷии Ӯзбекистон бо ширкати амрикоии Xenophon Strategies дар ин замина, ки 14 апрели соли равон имзо гаштааст, дастраси бахши ӯзбекии Радиои Озодӣ шуд.

Дар ин созишнома зери имзои сардори Оҷонси пешбурди содирот Улуғбек Муродов ва намояндаи Xenophon Strategies Дэвид Фискус (David Fiscus) омадааст, ширкат "хидматрасонии дастгирии иттилоотӣ"-еро хоҳад расонд, ки барои бекор кардани таҳримҳои Cotton Campaign boycott равона шудааст.

Бар асоси созишнома, ҷониби Ӯзбекистон розӣ шудааст, ба ширкати амрикоӣ 585 ҳазор доллар пардохт кунад. Бештари ин маблағ аллакай пардохт карда шудааст.

Нашрияи Foreign Lobby Report аввали моҳи равон хабар дод, ки Ӯзбекистон барои беҳтар кардани имиҷи худ ба як ширкати хориҷӣ пул додааст. Ӯзбекистон барои Xenophon Strategies​ нахустин муштарии хориҷӣ шумурда мешавад.

​Эътилофи байналхалқии ширкатҳои пахтаи Cotton Campaign соли 2010 бо ҳадафи таҳрими Ӯзбекистон таъсис шуда буд. Эътилоф гуфт, дар Ӯзбекистон кӯдакону калонсолон ба меҳнати маҷбурӣ ҷалб мешаванд. Тамғаҳои маъруфи тиҷоратие амсоли Nike, Zara, GAP, Levi's, H & M, UNIQLO ва ғайраҳо ба ин маърака ҳамроҳ шуда буданд.​

XS
SM
MD
LG