Ссылки доступа

Тихановская гуфт, омода аст, раҳбарии Беларусро ба даст гирад (видео)


Светлана Тихановская
Светлана Тихановская

Рақиби асосии Александр Лукашенко дар интихоботи президентии Беларус Светлана Тихановская муроҷиатномаи нави видеоии худ ба сокинони он кишварро нашр кард.

"Ман омодаам, масъулияти раҳбарии кишварро бар дӯш бигирам, то кишвар ором шавад ва ба зиндагии маъмулӣ баргардад ва мо тавонем ҳамаи маҳбусони сиёсиро озод намоем. Ҳамчунин дар кутоҳтарин муддат заминаи қонунӣ ва шароитро барои баргузор кардани интихоботи нави президентӣ фароҳам созем", - Тихановская.

Ба гуфтаи Тихановская, ӯ намехост сиёсатмадор шавад, вале тақдир вайро дар хатти аввали мубориза бо зулму беадолатӣ қарор дод. "Шумо раъйи худро ба ман додед ва инро қадр мекунам. Ман воқеан ҳам медонам, ки ин корро барои чи кардед. Ҳамаи мо мехоҳем, аз ин бунбасте, ки 26 сол мешавад, идома дорад, берун равем", - афзудааст Светлана Тихановская.

Тихановская чанд рӯз пеш ба Литва паноҳ бурд. Ҷонибдоронаш гуфтанд, ӯ дар натиҷаи фишор Беларусро тарк кард. Ҳамчунин муроҷиатномаи видеоии ӯ нашр шуд, ки дар он матнеро аз рӯи коғаз мехонад ва аз сокинони Беларус даъват менамояд, ки дар эътирозҳо иштирок накунанд. Ҷонибдоронаш гуфтанд, ин муроҷиатномаи вай таҳти фишору таҳдид сабт шудааст. Вале бо вуҷуд ӯ дар ин муроҷиатнома пирӯзии Лукашенкоро дар интихобот эътироф накард.

Рӯзи 9-уми август дар Беларус интихоботи президентӣ баргузор шуд. Ба иттилои расмӣ, раиси ҷумҳури феълӣ Александр Лукашенко 80,08 дарсади ройи мардумро соҳиб шудааст. Мақомот мегӯянд, тақрибан даҳ дарсади мардум аз Светлана Тихановская, рақиби асосии Лукашенко, пуштибонӣ карданд. Мухолифон бо натиҷаҳои расмӣ розӣ нестанд.

XS
SM
MD
LG