Ссылки доступа

"Буҷавиҳо"-и Туркманистонро иҷборан аз ҳисоби худ аз ташхиси тиббӣ мегузаронанд


Illýustrasiýa suraty.

Кормандони Идораи коммуналии шаҳри Ишқобод, пойтахти Туркманистонро маҷбур мекунанд, ки дубора аз ташхиси тиббӣ гузаранд.

Дар ҳоле ки мақомоти туркман мегӯянд, то ҳол ҳеч ҳолати мубталошавӣ ба коронавирусро сабт накардаанд, дар ин кишвар ташхиси иҷборӣ ва дастаҷамъонаи тиббии кормандони муассисаҳои давлатӣ идома дорад.

Хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ мегӯяд, бештари “буҷавиҳо” пора медиҳанд, то аз ташхиси дубораи тиббӣ нагузаранд.

Ба гуфтаи хабарнигор, кормандони Идораи коммуналии пойтахти Туркманистон аз 10 август иҷборан барои гузаштан аз ташхиси дубораи тиббӣ фиристода мешаванд. Аз онҳо маълумотномаи “№146” дар бораи саломатияшон талаб доранд.

Кормандоне, ки бима доранд, барои ин ташхис 17-манатӣ (4,8-долларӣ бо қурби расмӣ) мепардозанд ва онҳое, ки бима надоранд, 33-манатӣ пардохт хоҳанд кард.

XS
SM
MD
LG