Ссылки доступа

Ӯзбекистон барои имзои созишномаи бунёди неругоҳи ҳастаӣ бо Русия омода нест


Муовини вазири энергетикаи Ӯзбекистон Шерзод Хоҷаев гуфт, кишвараш ҳоло барои имзои созишномаи бунёди неругоҳи ҳастаӣ бо Русия омода нест.

“Барои омода кардани қарордод ба вақти бештар ниёз дорем, то тавонем бигӯем, ки бале, ин шартҳо моро қонеъ мекунанд. Мутаассифона, ҳоло мо омода нестем. Аз як тараф ин бад аст, ки раванд каме тул мекашад, вале аз тарафи дигар, шартҳо барои ҷониби Ӯзбекистон баъди ҳар давраи гуфтугӯҳо беҳтар мешаванд”, - изҳор дошт Хоҷаев дар суҳбат бо расонаҳо.

Ба гуфтаи муовини вазири энергетикаи Ӯзбекистон, ҳоло ҷонибҳо лоиҳаи мазкурро ҳамаҷониба ва муфассал баррасӣ доранд.

Масъалаи бунёди нирӯгоҳи ҳастаӣ дар Ӯзбекистон ҳанӯз дар солҳои 80-уми асри XX матраҳ шуда буд. Вале иҷрои тарҳ ба иллати хатари зиёди заминларза ба таъхир афтод. Ширкати русии "Росатом" аз ибтидои асри XXI ба бунёди нирӯгоҳ сахт талош дорад ва ҳукумати Ӯзбекистону Русия низ моҳи декабри соли 2017 дар ин замина созишномаеро имзо карданд.

XS
SM
MD
LG