Ссылки доступа

Парвандаи "сӯиқасд" дар коргоҳи "Қазоқмис": ташхиси дубораи судиро талаб доранд


Дар Додгоҳи Қарағандаи Қазоқистон 17 август баррасии парвандаи "сӯиқасд ба ҷон"-и мудири кулли ширкати куҳкании "Қазоқмис" Амонкелдӣ Минигулов идома ёфт.

Дар "сӯиқасд ба ҷон"-и мудири ширкат Тоғузбой Тожбенови 58-сола, раиси пешини иттифоқи касабаи "Қазоқмис" айбдор мешавад, ки ба таври асроромез ба ҳалокат расидааст.

Баррасии парванда бо дархости наздикони Тожбенов сурат мегирад. Онҳо исрор доранд, ки Тожбенов дар парвандаи мазкур на айбдоршаванда, балки ҷабрдида аст.

Дар мурофиаи 17 август коршиноси Маркази ташхиси судӣ-тиббии вилояти Қарағанда бозпурсӣ шуд. Писар ва вакили дифои Тожбенов гузаронидани ташхиси дубораи равониро талаб доранд. Зеро ба гуфтаи онҳо, дар натиҷаи ташхиси пешин ба баъзе аз суолҳо посух дода нашудааст. Аз ҷумла, коршинос нагуфтааст, оё омиле вуҷуд дошт, ки Тожбеновро ба худкушӣ водор созад.

Ҳодисае, ки дар он Тожбенов ҷон бохта, ду тани дигар бо шумули Минигулов ҷароҳат бардоштанд, 21 январи соли 2020 рух дод. Пулиси Қарағанда он замон гуфт, дар коргоҳи "Қазоқмис" низоъ сар зада, Тожбенов мудири ширкат ва мутахассиси он Собирҷон Тембоевро бо корд захмӣ кард. Пулис бо истинод ба шоҳидон иттилоъ дод, ки Тожбенов сипас худро низ корд задааст. Дар натиҷа ҳар ду бистарӣ шуданд. Он замон дар коргоҳ садои тир шунида шуда буд, вале пулис дар ин бора хабар надод.

Се рӯз баъд додситонии Қарағанда оташкушоӣ дар коргоҳи "Қазоқмис"-ро тасдиқ карда, вале гуфт, дар натиҷаи он касе осеб надидааст. Додситонӣ дар робита ба марги Тожбенов гуфт, ду фарзия - куштор ё расонидан ба худкуширо тафтиш мекунад. Дар робита ба захмӣ шудани Минигулов ва Тембоев бо банди сӯиқасд ба ҷон парванда боз шуд.

XS
SM
MD
LG